Саҳифаи асоси - китоби - Рӯҳи Муқаддас: Дастурамал

Рӯҳи Муқаддас: Дастурамал
Муаллим: Ҷон Бивер

Се сол шогирдон аввалааш бо Исо буданд. Бо ҳамроҳи Ӯ роҳ мерафтанд ва ҳамаи суханони Вайро мешуниданд. Пеш аз маслуб шуданаш Ӯ ба дӯстони наздикаш гуфт, ки бояд онҳоро тарк кунад, то ки Рӯҳи Муқаддас биёяд ва аз ин ҳолати онҳо беҳтар мешавад. Агар ба он шогирдоне, ки бо ҳамроҳи Исо ҳар рӯз буданд, Рӯҳи Муқаддас лозим буд, он гоҳ то чӣ андоза мо имрӯз ба ҳузури Рӯҳи Муқаддас зарурат дорем. Ба ҳаёти мо иштироки бевоситаи Ӯ лозим аст.

Дар ин китоб Ҷон Бивер шуморо бо Рӯҳи Муқаддас шинос мекунад. Шумо дар бораи шахсияту қуввати Ӯ ва чӣ гуна беҳтар шинохтани Рӯҳи Муқаддасро зиёдтар меомӯзед. Роҳи зиндагии шумо бо Худованд чӣ хеле ки набошад, китоби “Рӯҳи Муқаддас: дастурамал” кӯмак мекунад, ки шумо ба Худои абадият ва дӯстдори шумо наздик шавед.

Сабт кардан (~4.22 MB)

Share