Саҳифаи асоси - Савти - Худо, Ту дар куҷоӣ?! Китоби савти

 
Худо, Ту дар куҷоӣ?! Китоби савти
Муаллим: Ҷон Бивер

Дар биёбони худ қувват ва мақсад пайдо кунед

Оё шумо дар давраи душвори ҳаёт, – “ХУДО, ТУ ДАР КУҶОӢ?!” – гӯён, худро гумшуда эҳсос мекунед.

Шояд, шумо овози Худоро шунидаед, лекин ҳозир Ӯ, гӯё ки хомӯш аст. Мумкин аст, ки шумо дар имон ҳаракат мекардед, лекин ҳоло ҳузури Ӯро пайдо карда наметавонед. Хуш омадед ба биёбон – ҷой байни гирифтани ваъдаҳо аз ҷониби Худо ва иҷроиши онҳо.

Лекин хабари хуш дар он аст, ки биёбон ин замини бемақсад ва холӣ нест. Худо биёбонро истифода мебарад, то ки шуморо барои даъвататон тайёр ва мусаллаҳ гардонад, дар ҳолате ки агар шумо онро дуруст гузаред. Новобаста аз он, ки бисёриҳо фикр мекунанд, мо ин мавсимро, ҳамту Худоро интизор шуда истода, намегузарем. Шумо бояд дар гузаштани биёбон нақши худро бозӣ кунед, ва нақши шумо аҳамиятнок аст. Ва агар шумо нахоҳед, ки вақти худро беҳуда сарф кунед ва гирдогирд давр занед, донистани он ки биёбон чӣ аст, муҳим мебошад.

Дар ин китоб, ки пур аз ошкоршавиҳост, муаллифи китобҳои машҳур (бестселлерҳо) Ҷон Бивер шуморо бо донишҳои калидии Китоби Муқаддас ва ҳодисаҳои пурмазмун мусаллаҳ мегардонад, ки ба шумо ёрӣ медиҳанд, то аз мавсимҳои хушк ва душвори ҳаёти худ гузаред ва ба ҳамаи он чизе, ки Худо барои шумо тайёр кард, дохил шавед.

Сабт кардан ҳама: ~265.82 MB

Маводи таълимии ёрирасон
Худо, Ту дар куҷоӣ?!

Share