Забони ҷорӣ: tg тоҷики

Забон

Саҳифаи асоси - китоби - Бо адабият ҳаракаткунандагон

Бо адабият ҳаракаткунандагон
Муаллим: Ҷон Бивер
Инчунин ба забонҳои зерин дастрас аст.:

Ҳаёт дар рӯи ин замин мисли буғ аст, лекин бисёриҳо ҳамин тавр умр ба сар мебаранд, ки гӯё баъд аз ин зиндагӣ дунёи дигар мавҷуд нест. Лекин ҳамон тавре, ки мо ин зиндагиро аз сар мегузаронем, тақдири моро дар абадият муайян мекунад. Каломи Худо мефармояд, ки имондорон сазовори мукофотҳои гуногунарзиш мешаванд, аз он сар карда ки ҳамаи дастовардҳои инсон дар назди чашмонаш месӯзад, ва бо шоҳигарӣ бо Масеҳ тамом мешавад.

Дар асоси принсипҳое, ки дар номаи 2 Қӯринтиён 5;4,9 зикр карда шудаанд, Ҷон Бивер ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳар як имондор барои гирифтани мукофоти худ мувофиқи ҳаёти заминиаш дар назди тахти Масеҳ хоҳад омад. Он гоҳ бисёриҳо дар ҳайрат мемонанд, ки вақти зиёди худро ба чизҳое сарф карданд, ки барои он корҳо дар осмон мукофоти абадӣ дода намешавад.

Инак чӣ тавр мо ҳаёти худро пурмазмун карда метавонем? Дар китоби Бо абадият ҳаракаткунандагон шумо дар бораи даъвати худ ва чӣ гуна афзоиш додани бахшоишҳои Худоро дар худ мефаҳмед. Ба зиндагӣ аз нуқтаи назари абадият нигоҳ карда, шумо қувват пайдо мекунед, ба чизҳое, ки боқӣ мемонанд, кӯшиш намоед.

Сабт кардан (~1.74 MB)

Share