Забони ҷорӣ: tg тоҷики

Забон

Саҳифаи асоси - Дар бораи мо

Дар бораи Cloud Library

Хизматгузории Messenger International худро ба кори дастрас намудани маълумотҳо ва маводҳо барои усқуфон ва роҳбарони калисоҳо новобаста аз шароити молии онҳо бахшидааст. Китобхонаи фазои Cloud Library махсусан барои ҳамин ҳадаф ташкил дода шудааст. Он як нури байналмиллали барои паҳн кардани маълумоти ройагон, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст, мебошад.

Ҳадафи мо- ин маводҳоро ба забонҳои аксарияти халқҳои ҷаҳон тарҷума карда бо ин тартиб 98% аҳолии курраи заминро дар бар гирем. Китобхонаи фазои (Cloud Library) яке аз тарзҳои дастрас кардани ин ҳадаф мебошад. Шумо мепурсед, барои чӣ? Барои он ки маълумоти электроникӣ нисбат ба маълумоти ҷисмонӣ тезтар паҳн мешавад. Умедворем, ки ин тарзи истифодаи интернет ба шумо писанд меояд.

Аз муалифон

Исо амр кардааст, ки натанҳо Инҷилро маъвиза кунем, балки шогирдонро тарбия кунем. Мо ба рушди шумо сармоягузорӣ мекунем, чунки мо ба шумо боварӣ дорем ва бо файзи Худо ба ҳаёти шумо тағирот меоварем. Худо бузургии Худро дар дохили ҳар яки мо ҷой додааст, Ӯ хоҳиши ба шумо наздик буданро дорад. Ин маводҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки муносибати наздик бо Худо дошта бошед. Бо мурури замон, ки шумо дар он рушд мекунед, шум обо қуввати каломи Ӯ дигаргун мешавед.

Худо моро барои ҳадафи муайян офаридааст, ки бахшоишҳо ва лаёқатҳои шумо махсусан ба он ҳадаф мутобиқ мебошанд.Мо шуморо рӯҳбаланд мекунем, ки ҳамаи он чизе, ки Худо ба шумо гузоштааст кашф кунед ва дуо мекунем, ки ин бахшоишҳо асбоби самаранок барои комёбии ояндаи шумо гардад.

Шуморо баракат медиҳем,

Ҷон ва Лизаи шумо

Ҳадафи моро дастгири намоед

Аз имконияти дастгири кардани он маводҳое, ки метаовнанд ба ҳаёти бисёре аз мардум сар то сари дунё тағирот биоваранд, дили шумо оташ гирифт? Агар шумо китобхонаи фазоиро дастгири кардан хоҳед, лутфан ба почтаи электроникии мо getinvolved@cloudlibrary.org бинависед. Аз дуо ва дастгирии молии шумо сипосгузор ҳастем.